Қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат
Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ маблағи умумии қарздориро аз пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта дар тамоми корхонаю муассиса, идораю вазоратҳо дар ҳаҷми 15 млн. 764 ҳазор сомонӣ муайян намуд.Ба иттилои манбаъ, танҳо дар давоми моҳҳои январ-июли соли 2012 маблағи қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат 9 млн. 641 ҳазор сомониро ташкил дод. Агар дар охири моҳи январи соли 2011 қарзи пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта 13 млн. 456 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, пас ин маблағ дар охири моҳи январи соли 2012 ба 16 млн. 835 ҳазор сомонӣ ва дар моҳи феврали соли 2012 ба 23 млн. 386 ҳазор сомонӣ расид.Дар натиҷаи чорабинии Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳи пардохти қарздорӣ аз музди меҳнат муайян карда шуда, корхонаю ташкилот, идораю муассиса ва вазорату хоҷагиҳо то якдараҷа маблағҳои қарзи пардохти музди меҳнатро пардохт намуданд.То охири моҳи июли соли 2012 дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат ба маблағи 5 млн. 136,9 ҳазор сомонӣ кам гардида, ба 14 млн. 618 ҳазор сомонӣ баробар шуд.Коҳиши қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат қариб дар ҳамаи намудҳои бахши иқтисодӣ мушоҳида мешавад. Қарздории пардохти музди меҳнат аз ҳама зиёд дар бахши сохтмон ба маблағи 6 млн. 872 ҳазор сомонӣ, кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ ба миқдори 3 млн. 533 ҳазор сомонӣ, нерӯи барқ, газ ва таъминоти об ба андозаи 1 млн. 73,4 ҳазор сомонӣ боқӣ мондааст.








Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






