Қочоқчӣ дастгир шуд
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷилавгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар амалиёти таъҷилии навбатиро рӯи кор оварданд.Мувофиқи хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар, дар ҷараёни амалиёти таъҷилӣ дар ҳудуди ноҳияи Ваҳдат сокини 20 солаи ин ноҳия, ки ба қочоқи маводи нашъаовар гумонбар шуда буд, дастгир гардид.Ҳангоми тафтишот аз сокини номбурда як бастаи селофании дорои маводи нашъаовар пайдо гардида, маълум шуд, ки он як килограмм героин доштааст.Мувофиқи маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовар, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ тайи 9 моҳи соли равон беш аз 5 тонна маводи нашъаоварро мусодира намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






