Қонун «Дар бораи ёрии тибби равонӣ» қабул мегардад
Душанбе, 15 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон 15 октябр лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии тибби равонӣ»-ро дар ҷаласаи Шўро матраҳ намуд. Зикр шуд, ки мақсад аз таҳияи лоиҳаи ин қонун таъмини дастрасии шаҳрвандон ба ёрии тиббии баландихтисоси равонӣ, мукаммалсозӣ ва мутобиқ намудани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ба талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.Таъкид гардид, ки таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии расонидани ёрии тиббии равонӣ ба аҳолӣ, кафолати риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳангоми расонидани ёрии тибби равонӣ зарурати таҳияи лоиҳаи қонуни мазкурро ба миён овардааст.Аъзои Шўрои палатаи поёнии парлумони мамлакат дар ҷаласа намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Дилшод Исматуллоевро ба узвияти Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон қабул карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






