Қ. Расулзода: Вазъи бозорҳои вилоят нигаронкунанда аст

Октябрь 18, 2012 14:05

Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Бо мақсади ба ифоқа овардани ҳолати бозорҳо, дарёфти роҳи ҳалли мушкилиҳои он, бартараф намудани нуқсону камбудиҳо раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо иштироки роҳбарони мақомоти қудратӣ, раисони шаҳру навоҳӣ, сарварони бозорҳои вилоят маҷлиси машваратӣ доир намуд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, сардори раёсати корҳои дохилии вилоят, генерал-майор Шариф Назаров дар бораи ҳолати бозорҳои вилоят ҳангоми сар задани ҳодисаҳои нохуш, бахусус сӯхтор гузориш дод. Зикр шуд, ки баъди ҳодисаи сӯхтор дар бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Раёсати корҳои дохилии вилоят ҳолати бозорҳои вилоят дар бобати риояи қоидаҳои зиддисӯхтор мавриди санҷиш қарор дода шуд. Дар қаламрави вилоят 84 бозор фаъолият дошта, дар аксари онҳо қоидаҳои оддитарини зиддисӯхтор риоя намешаванд. Қисми зиёди соҳибкорон, ки дар бозор савдо мекунанд, қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро дидаву дониста вайрон мекунанд. Барои вайрон кардани қоидаҳои зиддисӯхтор нисбат ба 145 соҳибкор парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ омода гардида, онҳо ба маблағи 27 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуданд. Инчунин Ш. Назаров яке аз сабабҳои дар вилояти Суғд бештар содир шудани ҷиноятҳо ва қонунвайронкуниро дар бенизомии бозорҳо маънидод кард. Дар давраи гузаштаи соли равон, 2962 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки як миқдори онҳо маҳз дар бозор аз беназоратии маъмурон ва бетарафии ҷомеа рух додаанд. Инчунин роҳбарони ҳамаи бозорҳои вилоят, ки дар машварат ҳузур доштанд, вазифадор гардиданд, ки ба тартибу низоми бозордорӣ, тозагии санитарии онҳо қатъӣ риоя кунанд, дар ободу сарсабз гардонидани шаҳру ноҳия саҳмгузор бошанд.

Октябрь 18, 2012 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
6 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад