Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард

Октябрь 22, 2012 09:09

Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2012 ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард ба 4 млрд. 612 млн. сомонӣ расонида шуд, ки аз он 2 млрд. 550 млн.сомониашро маҳсулоти хӯрокворӣ ва 770 милионашро маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ташкил додааст,- иброз дошт масъули бахши саноати Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ С.А. Иванникова ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар ин муддат ҳамчунин дар ҳаҷми 39 млн.сомонӣ маҳсулоти нафтӣ ва ба маблғи 286 млн. сомонӣ маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ ва ба маблағи 669 млн. сомонӣ истеҳсолоти металлургӣ ва маснуоти тайёри филизӣ коркард шуд. Умуман, дар 9 моҳи соли ҷорӣ номгӯи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соҳаи коркард ба андозаи 9,1 фоиз афзоиш ёфтааст.Фаъолияти корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ 3,4 фоиз зиёд шудааст, ки он аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли маҳсулоти колбаса дар ҳаҷми 21.9 фоиз, панир-1,9 баробар, макарон 1,6 баробар, консерваҳо ба андозаи 9 фоиз, маҳсулоти қаннодӣ 10,1 фоиз, нӯшокиҳои беспирт дар ҳаҷми 22,3 фоиз ва истеҳсоли оби маъданӣ ба андозаи 18, 6 фоиз муяссар гардидааст. Ба гуфти С.А. Иванникова, дар истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ номгӯи ин навъи маҳсулот ба андозаи 1,6 баробар афзудааст, ки он асосан аз ҳисоби афзоиши нахи пахта дар ҳаҷми 1,6 баробар, матои нобофта-11,4 фоиз, калобаи пахтагин-31,2 фоиз, маснуоти ҷӯробу пайпоқ-5,2 фоиз, қолинҳо ва маснуоти қолинӣ дар ҳаҷми 26,4 фоиз ба амал омадааст.

Октябрь 22, 2012 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!