Ҳаҷми пасандозҳо афзуд
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — Сол то сол ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳои кишвар зиёд шуда истодаанд. Аз рӯи иттилоъи Бонки миллии Тоҷикистон, дар ҳашт моҳи соли равон бақияи пасандозҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,3 фоиз афзуд. Агар ба таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо назар андозем, маълум мегардад, ки 39,8 фоиз ё 1 млрд. 831,4 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 60,2 фоиз ё 2 млрд. 774,8 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд. Фоизи миёнавазни пасандозҳо дар моҳҳои январ-августи соли 2012 бо пули миллӣ 15,89 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 13,39 фоизи солонаро ташкил доданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






