Ҳадяи Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Қалъачаи Гули Зард

Октябрь 27, 2012 18:52

Истарвшан, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим, Дилшодаи Хайруллоҳ)- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд пас аз оғози расмӣ бахшидан ба навсозии роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакент ва мавриди истифода қарор додани нақби «Шаҳристон» ба мактаби навбунёд ва замонавие дар деҳаи Қалъачаи Гули Зарди шаҳри Истаравшан ифтитоҳи расмӣ бахшид. Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин мактаби замонавиро ғамхориҳои навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешбурди соҳаи маориф унвон карда, ҳозирон, аҳли маориф ва хонандагонро ба ин санаи фархунда ва хотирмон шодбош гуфт. Маврид ба зикр аст, ки мактаби рақами 33-юми деҳаи Қалъачаи Гули Зарди шаҳри Истаравшан солҳои 60-уми қарни гузашта тариқи ҳашар бунёд гардидаву ҳамакнун дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Аз ин лиҳоз, бо назардошти ин нукта бо маблағгузории беш аз 4 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар ин деҳа мактаби замонавии дорои тамоми шароитҳои таҳсил бунёд гардид. Мактаби мазкур бо технологияи муосири таҳсил муҷаҳҳазонида шудаву дорои синфхонаҳои забономӯзиву компютерӣ, толори варзишиву ошхона мебошад ва барои 640 хонанда дар ду баст имкони таҳсил медиҳад. Сарвари давлат дар суханронии худ бо таваҷҷӯҳ ба аҳли маориф ва толибилмон иброз дошт, ки ҳаёт ва талаботи ҷаҳони муосир тақозо менамоянд, то ҳар як шахс барои таъмини зиндагии шоиста пеш аз ҳама соҳиби донишу маърифат ва касбу ҳунар бошад. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон бояд дар мафкураи ҷавонон доимо ақидаҳое чун донишу илмомӯзӣ, доштани дараҷаи баланди худшиносиву худогоҳӣ, дӯст доштани миллат ва халқу Ватанро талқин намоем. Ба таъкиди Президент бо вуҷуди дастовардҳои назаррас дар бахши маорифу илм, имрӯз низ дар кори таълиму тарбия мушкилоти ҳалталабе ба чашм мерасанд. «Бо дарназардошти ҳамин зарурат мо Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро қабул намудем, то дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир ҷиҳати ташаккули дониш ва ахлоқи ҳамидаи насли ояндасози Ватанамон шароити арзанда фароҳам оварем»- иброз дошт Сарвари давлат. Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди суханронии худ ба маорифчиёни вилояти Суғд ва аз ҷумла шаҳри Истаравшан барору комёбӣ таманно намуда, толибилмонро ба ахлоқи ҳамидаву хониши аъло ҳидоят намуд.

Октябрь 27, 2012 18:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад