Ҳадяи Хадамоти муҳоҷират ба мактабҳои миёна
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). – Раванди ҷаҳонишавӣ дар назди ҷамъият вазифаҳои нав мегузорад ва барои иҷрои онҳо як омили муҳим- таъмин шудан бо воситаҳои ҳозиразамони техникӣ мебошад.Роҳбарияти Тоҷикистон инро ба назар гирифта, пайваста мекӯшад, ки барои муассисаҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таълимӣ шароити мусоиди кору таҳсил фароҳам оварад.Дар чорчӯбаи татбиқи амалии ин сиёсат Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ ба мактабҳои таҳсилоти умумии №1,№16,№43 ва№ 72 ноҳияи Ёвон 15 адад компютер туҳфа кард. Намояндаи Хадамоти муҳочират Абдуллоҳи Қодирӣ ҳангоми супурдани туҳфаҳо дар ҷамоати деҳоти Даҳана иброз дошт, ки ҳоло дар кишвар раванди муҳоҷирати меҳнатӣ характери оммавӣ пайдо кардааст ва дар чунин шароит истифода бурда тавонистани техникаи ҳозиразамон аҳамияти калон дорад.Раиси ҷамоати деҳоти мазкур Аскаралӣ Набиев барои чунин ғамхорӣ миннатдорӣ изҳор намуда, гуфт, ки мавчуд будани компютерҳо имкон медиҳад, то ҷавонони деҳот истифодаи онҳоро хуб омӯзанд ва минбаъд дар фаъолияти меҳнатиашон ба кор баранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






