“Ҳафт ганҷ”- и Шераки Ориён
Душанбе, 12 октябр. ( АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- Нависандаи шинохта ва маъруф Абдурофеъ Рабизода бо тахаллуси Шераки Ориён китоби нави худро таҳти унвони «Ҳафт ганҷ» рӯи чоп овард, ки бештар қиссаҳои ниҳони диёри Суғдро таҷассум мекунад. Силсилаи қиссаҳои «Ориёндухтаре, ки барояш ҳафт шаҳристон сохта шуд» , «Панҷ ҳунарварон», «Сино ва шифо», «Муҳаббат ва ҷавонмардӣ», «ҳавопаймои таркида ва ё ишқи аз нав рӯида» аз ҷумлаи мавзӯъҳои асосии нависанда буда, дар асар моҳирона тасвир шудаанд. Нависанда Шераки Ориён бо услуби хоси худ «Ҳафт ганҷ», яъне ҳафт қиссаи хурду бузургро ба ҳам овардааст, ки таҷассумкунандаи рӯзгори қадиму имрӯзи Суғди бузург аст. Асарҳои нависанда то имрӯз ба 40 забони хориҷӣ тарҷума гардидаанд. Шераки Ориён муаллифи 63 китоб, 37 филми бадеӣ, фалсафӣ ва ҳунарӣ мебошад, ки эҷодиёташ бо ҳафт ҷоизаи байналмилалӣ қадр гардидааст «Ҳафт ганҷ» — и муаллиф дар матбааи «Ношир» бо сифати баланд аз чоп баромада, пешниҳоди дӯстдорони адабиёт гардидааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






