Ҳафтаи Аврупо дар Тоҷикистон
Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Аз 30 октябр то 4 ноябр дар Тоҷикистон ҳафтаи Аврупо таҳти унвони «Бо ҳам дар оянда» баргузор мегардад. Барномаи ҳафта як қатор чорабиниҳоро дар бар мегирад, ки бо ибтикори Маркази фарҳангии «Бохтар» ва шарикони он роҳандозӣ мешаванд. 30 октябр барномаи Ҳафтаи Аврупо бо консерти асарҳои бастакорони аврупоӣ дар иҷрои сарояндагони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов оғоз меёбад. 31 октябр дар толори синамои Маркази фарҳангии «Бохтар» дар мавзӯи «Таъсири синамои Аврупо ба санъати синамои Тоҷикистон» гузориш дода мешавад. Худи ҳамон рӯз дар Хонаи синамо маросими ифтитоҳи расмии ҷашнвораи филмҳои Аврупо баргузор гардида, филми фаронсавии «Дахлнопазирон» намоиш дода мешавад. Дар Театри академии драмаи Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ маросими хатми Ҳафтаи Аврупо ва консерти мутрибони ҷавон баргузор мегардад. Дар нишасти матбуотӣ, ки дар Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баргузор гардид, дар ин бора ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мувофиқи суханони сафири Иттиҳоди Аврупо Эдуард Ауэр, роҳандозии Ҳафтаи ҳарсолаи Аврупо ба рушди равобити Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар бахши санъату фарҳанг мусоидат хоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






