Ҳалокати се нафар бар асари садама
Душанбе, 1 октябр.(АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзод). — Ронандаи мошини тамғаи «BMW», сокини шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷ.Расулов Далер Умаров, соли таваллудаш 1988 ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Душанбе-Истаравшан-Хуҷанд-Чаноқ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмой аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи «КАМАЗ», таҳти идораи ронанда Ғайрат Фаттоҳов, сокини кӯчаи Дарғи шаҳри Панҷакент бархӯрдааст.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, дар натиҷа ронандаи мошини тамғаи «BMW» Д. Умаров ва мусофирони мошини мазкур Нусрат Сайфуллоеви 32 сола ва ноболиғ Зарнисор Темироваи 17 сола, сокини шаҳраки Пролетари ҳамин ноҳия аз ҷароҳатҳои бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






