Ҳалокати зани шахсияташ номаълум
Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – 1 октябри соли ҷорӣ тахминан соати 11:00-дақиқа ронандаи мошини тамғаи «Nexia», рақами давлатиаш АЕ 68-08 РТ/01 Шарипов Ҷумъахон Маҳмадалиевичи 27 сола, сокини шаҳри Қурғонтеппа ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Қурғонтеппа дар километри 20-уми роҳ қоидаҳои ҳаракатро риоя накарда, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошини тамғаи «Opel Astra», рақами давлатиаш ТҶ 29-72 АВ 07, ки ба шаҳрванд Муҳаббат Холматови 61 сола, сокини кӯчаи Айнӣ тааллуқ дорад, бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи мошини тамғаи «Nexia» Ҷ.М. Шарипов, ронандаи мошини тамғаи «Opel Astra» М. Холматов ва мусофири мошини тамғаи «Opel Astra» Далер Равшанович Сарихонови 25 сола, сокини шаҳри Қурғонтеппа ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.Мусофири дигари мошини мазкур як нафар зан, шахсияташ номаълум, тахминан 50-55-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Қурғонтеппа ба ҳалокат расидааст.Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






