«Ҳамарўза 300 тонна орд» — дастури шаҳрдорӣ
Душанбе, 1 октябр.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-Бо дастури шаҳрдорӣ барои Агентии захираҳои моддӣ ва соҳибкорони ба воридоту фурўши яхлухти орд машғулбуда, дар таносуби чор ноҳияи пойтахт 28 ҷойи савдои орд ташкил шуда ва шурўъ аз 1 октябри соли равон на кам аз 300 тонна орд ҳамарўза бо нархи 150 сомонӣ барои як халта ба фурўш бароварда мешавад. Дар ҷаласае, ки бо иштироки соҳибкорону тоҷирони масъул ба воридоту фурўши яхлухт ва чаканаи ғаллаву орд директорони бозорҳо ва роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ, ки таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе доир шуд, масъалаи бо орд таъмин кардани бозорҳои пойтахт матраҳ гардид. Раиси шаҳр таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, роҳ надодан ба таври стихиявӣ ва бе асосҳои иқтисодию сўйистифода аз қобилияти харидории сокинони шаҳр боло бурдани нархи дилхоҳ маҳсулот нигаронид. Мавсуф барои дастгирии истеъмолкунандагони пойтахт соҳибкоронро ба адлу инсоф даъват намуда, баҳри пешгирии болоравии нархи орд дар бозорҳои шаҳр КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурўши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе“ ва директорони бозорҳои пойтахтро муваззаф сохт, ки интиқолу фурўши ордро дар бозорҳо таъмин созанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






