Ҳамгироии Осиёи Марказӣ ба савдои ҷаҳонӣ
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Аз 15 то 16 октябр дар осоишгоҳи «Баҳористон», — и шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд конфронс бахшида ба масоили ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба савдои ҷаҳонӣ баргузор мегардад. Аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар ин бора ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Дар конфронс масоили рушди механизми Ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии қонунгузориҳои миллӣ ба меъёру қоидаҳои байналмилалӣ таваҷҷӯҳи хоса дода мешавад. Дар конфронс кормандони сохторҳои дахлдори давлатӣ, намояндагони бахши инфиродӣ ва созмонҳои ҷаҳонию дохилӣ ширкат мекунанд. Дар рӯзҳои конфронс намоишгоҳи маводи ғизоии истеҳсоли ватанӣ доир мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






