Ҳамоиши байналмилалии иқтисодӣ
Қӯрғонтеппа, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – 24 октябр дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамоиши байналмилалии иқтисодии «Нерӯи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар рушди вилояти Хатлон» ба кораш шурӯъ мекунад. Тавре ки мутахассиси шӯъбаи иттилооту таҳлили маъмурияти вилояти Хатлон Нарзулло Олимов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ҳамоиш вакилони хориҷи дур ва наздик, намояндагони сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли тиҷорати ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.Дар ҳамоиш роҳҳои рушди минтақаҳои озоди иқтисодии вилояти Хатлон ва густариши ҳамкорӣ бо усули ҷалби сармояҳо мавриди муҳокима қарор мегиранд.Алҳол дар вилояти Хатлон минтақаҳои озоди иқтисодии Данғара ва Панҷ мавҷуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






