Ҳамоиши олимон ва муҳаққиқони ҷавони тоҷик

Октябрь 10, 2012 14:59

Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ)-«Истиқлолият ва ҷавонон»- таҳти ҳамин унвон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Шўрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Тоҷикистон ба ифтихори 20-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шўрои Олии Тоҷикистон дирўз дар Китобхонаи миллӣ конфронси ҷумҳуриявии олимон ва муҳаққиқони ҷавони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Илҳомҷон Ҳамидов, узви Шўрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони кишвар хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, дар чорабинӣ Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ширкат намуда, иштирокчиёни ин чорабинии бонуфузи илмиро бо дастовардҳои ҷавонони Тоҷикистон дар 21 соли соҳибистиқлолии кишвар ошно кард. Ҳамзамон дар конфронс олимону муҳаққиқон ва аспирантону донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ширкат намуданд. Баъд аз анҷоми ҷаласаи умумӣ иштирокчиён ба бахши илмҳои гуманитарӣ, илмҳои бунёдӣ ва тиб ҷудо шуданд. Дар маҷмуъ, тўли як рўз ҳудуди 70 маърўза дар ҳамаи бахшҳо шунида шуд, ки ба мавзўъҳои муҳимтарини татбиқи сиёсати ҷавонон, иқтисод, маориф, иҷтимоъ, фарҳанг, воситаҳои иртиботӣ ва тиб бахшида шуда буд.

Октябрь 10, 2012 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш