Ҳимоя ва дастгирии деҳот
Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Бо ташаббус ва маблағгузории филиали Ассотсиатсияи «ҲЕЛВЕТАС Свисс Интеркорперейшен» дар Тоҷикистон шабакаи ғайрирасмии «Ҳимоя ва дастгирии деҳот» барои деҳқонон ва инчунин роҳбарони ҷамоатҳо дар тӯли се моҳ дар миқёси ҷумҳурӣ маъракаҳои иттилоотӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Тоҷикистон мегузаранд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» масъули бахши равобит бо ҷомеа Нигора Остонова иттилоъ дод, маъракаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи ислоҳоти замини Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ҳамоҳанг хоҳад шуд. Илейн Конкиевич, директори «ҲЕЛВЕТАС Свисс Интеркоперейшен» дар Тоҷикистон гуфт: «Тавассути ин чорабиниҳо мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, то иштирокчиёни асосӣ – деҳқонон ва намояндагони ҷамоатҳоро бо тағйиру иловаҳои Кодекси замин шинос намоем. Воситаи асосӣ — ҷаласаҳои иттиллоотианд, ки оид ба тағйиру иловаҳои кодекси мазкур хабар медиҳанд ва ҳамзамон мубоҳисаи озод барои музокира фароҳам меоваранд. Бояд қайд намуд, ки роҷеъ ба тағйиру иловаҳо китобчаи маълумотии махсус омода гардида, дар саросари кишвар тақсим хоҳад шуд». Ин маъракаи иттилоотии оддӣ набуда, аз силсилаҷаласаҳои иттиолотие, ки барои расидан ба ҳадафи асосӣ – дастрасӣ ба замин ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ ёрӣ медиҳанд, иборат аст, қайд намуд манбаъ.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






