Ҳоҷиён бармегарданд
Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Саидэҳсони Солеҳ).- Шуруъ аз 1-уми ноябри соли 2012 ҳоҷиён аз зиёрати хонаи Худо ба Душанбе бармегарданд. Интиқоли ҳоҷиён аз Ҷидда ба Душанбе аз тариқи ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ — «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» амалӣ мегардад. Муҳаммадюсуфи Шодӣ, котиби матбуотии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба «Ховар» гуфт: «Аз рўи нақша мусофирони хатсайри аввал аз Ҷидда ба Душанбе рўзи 1 ноябр соати 04.15 дар фурудгоҳи Душанбе фуруд хоҳанд омад».Ӯ мегӯяд: дар ҷаласае, ки дирўз дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» баргузор гардид, масъулин вазифадор шуданд, ки маъракаи бозгашти ҳоҷиёнро бо омодагии пурра гузаронанд. Бозгашти ҳоҷиён аз 1 ноябр оғоз гардида то 18 ноябр идома меёбад ва дар ин муддат аз Ҷидда ба Душанбе 29 парвоз анҷом дода мешавад. .Ёдрас мекунем, ки имсол аз «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» 4617 нафар ба зиёрати хонаи Худо рафтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






