“Ҳуқуқи гурезандагон”- маҳфил дар ДМТ
Душанбе, 18 октябр, (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова).- 19-уми октябри соли ҷорӣ дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муаррифии Маркази паноҳандагии “Ҳуқуқи гурезандагон” баргузор мешавад. Мавриди зикр аст, ки ин маҳфил бо иштироки кормандони ҳифзи ҳуқуқ, устодону аспирантон ва донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷараён мегирад. Бояд гуфт, ки маркази мазкур бо маблағгузории Иттиҳоди АвруОсиё ташкил шуда, барои такмили ихтисоси кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва донишҷӯёну аспирантони донишгоҳ пешбинӣ шудааст. Дар ин бора аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






