Ҷаҳиши ҷиддӣ дар муносиботи Душанбе ва Лондон
Душанбе, 31 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-« Аз рўзҳои аввали таъин шудани шумо ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон дар муносиботи Душанбе ва Лондон ҷаҳиши ҷиддие ба назар мерасад», гуфт зимни мулоқоташ Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо Роберт Орд Смит — сафири фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон. Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки Тоҷикистону Британияи Кабир дорои муносибатҳои 20 –солаи дипломатӣ буда, дар ин муддат равобити ду кишвар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, чандин санадҳои байнидавлатии ҳамкорӣ ба имзо расидаанд. Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо ишора ба равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Британияи Кабир изҳор дошт: «Байни парлумонҳои ҳар ду кишвар гуруҳҳои дўстӣ ва ҳамкорӣ фаъолият мекунанд, ки барои таҳкими муносибатҳои байнипарлумонӣ фазои мусоидро фароҳам овардаанд». Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки густариши равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Британия метавонад омили муҳиме ҷиҳати таҳкими равобити Душанбе ва Лондон дар соҳаҳои мухталиф гардад. Мавсуф сатҳи равобити Тоҷикистону Британияи Кабирро қаноатбахш арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки ҳарду ҷониб бояд барои тақвияти муносиботи тарафайн ва ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ сайъ намоянд. Зикр шуд, ки байни ҳар ду кишвар имкониятҳои истифоданашуда хеле зиёд аст. Душанбе метавонад бо Лондон дар бахши энергетика, таъсиси корхонаҳои гуногуни муштарак ва дигар соҳаҳо ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монад. Дипломати британӣ изҳор кард, ки ҳамчун сафир дар Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти равобити дуҷонибаи Лондону Душанбе аз тамоми имконот истифода хоҳад кард. Роберт Орд Смит гуфт: «Британияи Кабир омода аст, ки бо Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф ҳамкории густурда дошта бошад. Мо ҳамеша аз мавқеи Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҷонибдорӣ намуда, хостори пешрафт ва баланд гардидани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳастем».








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






