Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон
Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи даҳуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ба кораш шурӯъ намуд.Дар ҷараёни ҷаласа масоили вазъу дурнамои ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, аз ҷумла ҳамкорӣ дар чунин соҳаҳо, аз қабили сармоягузорӣ, энергетика, саноати сабук, муҳоҷирати меҳнатӣ, илму маориф, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, сайёҳӣ ва варзиш, фарҳанг, ҳамчунин ҳамкорӣ дар бахши мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар баррасӣ мешаванд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






