Ҷаласаи коршиносон дар Вена

Октябрь 11, 2012 15:18

Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Чанде пеш дар шаҳри Вена ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносон аз рӯи масъалаи ҷилавгирии истеъмоли маводи нашъаовари Афғонистон баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласа нозири шӯъбаи назорати гардиши маводи мухаддир ва ҷилавгирии нашъамандии Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озодамоҳ Абдуллоева намояндагӣ кард. Рӯзномаи асосии ҷаласа иборат аз муҳокимаю такмили усулҳои ҷилавгирии нашъамандии байни ҷавонон дар муассисаҳои маърифатӣ, ҳамчунин такмили низоми тадбирҳо ҷиҳати коҳиш додани талабот ба маводи мухаддир, роҳандозии чорабиниҳои муштарак алайҳи истеҳсоли ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи мухаддир дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон буд. Тавре ки аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи мухаддир ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа директори Департаменти амалиёти Раёсати маводи мухаддир ва ҷинояткории Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Ал Лале Демоз гузориш дод. Дар кори ҷаласа намояндагони Арманистон, Афғонистон, Австрия, Беларус, Булғористон ва кишварҳои дигари ҷаҳон низ ширкат дошт.

Октябрь 11, 2012 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад