Ҷаласаи навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ
Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Тибқи нақшаи кори Шӯрои кор бо ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ 19-20 октябри соли равон дар кишвари Озарбойҷон ҷаласаи навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ доир мегардад. Дар соли 2011-1012 раисии Шӯроро ҷониби Тоҷикистон бар уҳда дошт ва ин масъулият соли 2013 бар дӯши Озарбойҷон вогузошта хоҳад шуд. Дар ҷаласа масоили татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Озарбойҷон, ташаккули парламентаризм дар кишварҳои узви ИДМ, дар бораи таъсиси Шӯрои олимони ҷавони мамолики узви ИДМ дар назди Шӯрои кор бо ҷавонони кишварҳои узви ИДМ, дар бораи нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи ҳамкориҳои байналмилалии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ барои солҳои 2012-2013», таҳияи лоиҳаи нақшаи чорабиниҳои Стратегияи мазкур барои солҳои 201-2015, дар бораи ширкати ҷавонони ИДМ дар Лоиҳаи иттилоотию маърифатии «Қатораи дӯстӣ», дар бораи баргузории конфронси байналмилалии ташкилотҳои ҷавонон оид ба табодули таҷриба дар самти пешгирии ВИЧ-миёни ҷавонони донишҷӯ, дар бораи натиҷаҳои кори Форуми VII илмию эҷодии Ашқобод, интихоби раёсати шӯро дар соли 2013 мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.Ёдовар мешавем, ки раисии Шӯроро тайи ду соли охир раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов бар уҳда дошт Тоҷикистон, Озарбойҷон, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия мамоликеанд, ки ба Шӯрои кор бо ҷавонони кишварҳои узви ИДМ шомиланд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бахши таҳлилу иттилоотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






