Ҷаласаи роҳбарони агентиҳои назорати маводи мухаддир
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 9 – 10 октябр дар пойтахти Италиё шаҳри Рим ҷаласаи роҳбарони агентиҳои назорати маводи мухаддири кишварҳои манфиатдор аз рӯи масъалаи баррасии ибтикори нави муштараки Раёсати маводи мухаддир ва ҷиноятҳои СММ ва Раёсати сиёсати миллии алайҳи маводи мухаддири Италиё баргузор гардид.Аз ҷониби Тоҷикистон дар ҷаласа сардори шӯъбаи назорати гардиши маводи мухаддир ва ҷилавгирии нашъамандии Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Ташрифов иштирок дошт.Тавре ки аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи мухаддир ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни ҷаласа маросими муаррифии лоиҳае сурат гирифт, ки дар он масоили ташаккули низомҳои самарабахш ва илман асоснокшудаи ҷилавгирии истеъмоли маводи мухаддир баррасӣ шудаанд.Мувофиқи маълумоти манбаъ, марҳалаи аввали татбиқи лоиҳаи мазкур бархе кишварҳои Амрикои Марказӣ, Осиёи Шарқию Марказӣ, ҳамчунин Африқои Шимолӣ ва Шарқи Наздикро фаро мегирад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






