Ҷаласаи Шӯрои ҳамгироӣ
Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). – Дар ҷаласаи 12 – уми Шӯрои ҳамгироии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаоварии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки 25 октябр дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, натиҷаи кори Шӯрои ҳамгироӣ дар соли 2012 ба машқҳои аввалини таъҷилию тактикии ҷузъу томи махсуси созмони мазкур ҷамъбаст гардиданд.Иштирокдорони ҷаласа ҳамкорӣ дар бахши фаъолияти ҷустуҷӯӣ, мубодилаи захираҳо, тарбияи кадрҳо, ҳамчунин дурнамои кор дар соли 2013 – умро мавриди муҳокима қарор доданд.Яке аз масъалаҳои асосии рӯзномаи ҷаласа иборат аз муҳокимаи Стратегияи зидди маводи нашъаовари давлатҳои аъзои СААД ва афзун намудани самараи амалиёти минтақавии зидди маводи нашъаовар буд.Дар ҷараёни ҷаласа як қатор қарорҳо қабул шуданд, ки мақсад аз онҳо такмили фаъолияти муштараки ниҳодҳои зидди маводи нашъаовари давлатҳои аъзои СААД бобати муқобилат ба ҷинояткории наздисарҳадӣ мебошад.Хотирнишон месозем, ки Тоҷикистонро дар ҷаласа директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров намояндагӣ кард.Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аъзои СААД мебошанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






