Ҷамъбасти нуҳмоҳаи фаъолияти кории «Амонатбонк»
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар маҷлисгоҳи Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ҷаласаи ҷамъбастии нуҳмоҳаи фаъолияти кори бахшҳову филиалҳои он доир гардид. Дар ҷаласа намояндагон аз дастгоҳи иҷроияи Президент, Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молия, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ширкат намуданд. Муовини раиси «Амонатбонк» Абдуманнон Саидов атрофи фаъолияти нуҳмоҳаи бонк ва дастовардҳо, ҳалли мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои бартараф намудани мушкилоти кори бонкдорӣ маърӯза намуд. Раиси раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова ҳамаи сардорони бахшҳову филиалҳои бонкро дар масъалаи иҷрои нақшаи 9-моҳа, бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта пурсон шуд. Дар ин раванд Г. Ҳасанова бештар таваҷҷуҳ ба он филиалу бахшҳое намуд, ки бо сабабҳои гуногун натавонистаанд дар масъалаи баргардонидани қарзҳои ба таъхир афтода ва ҷалби пасандозгузорӣ дар филиалҳо нақшаи аз тарафи раёсати бонк пешниҳодшударо иҷро намоянд. Ба он роҳбароне, ки аз уҳдаи иҷрои нақшаҳои хеш баромада натавонистанд, то охири соли ҷорӣ муҳлат дода шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






