Ҷашни 100-солагии нависандаи тавоно наздик аст
Душанбе, 5 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 13 октябри соли равон дар Душанбе ҷашни 100- солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода таҷлил мегардад. Ба ин муносибат дар толори Театри академӣ -драмавии ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ бо ҳузури аҳли илму фарҳанги кишвар ҳамоиш баргузор мегардад. Дар ин хусус Абдулҳамид Самадов- муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. Сотим Улуғзода аз чеҳраҳои саршиноси адабиёти муосири тоҷик буда, дар рушди адабиёти тоҷик бо эҷоди асарҳои муассири бадеию таърихӣ нақши мондагор гузоштааст. Нависандаи тавонои тоҷик 100 сол муқаддам, аниқтараш соли 1912 дар деҳкадаи Варзики ноҳияи Чуст ба дунё омадааст. Нависандаи шинохтаи тоҷик бо навиштани достону асарҳои таърихии барҷастаи худ, ба мисли «Фирдавсӣ», «Восеъ», «Навобод», «Ривояти суғдӣ», «Субҳи ҷавонии мо», «Гавҳари шабчароғ», «Калтакдорони сурх» ва дигарон дар муаррифии асолати таърихӣ ва тамаддуни миллати точик нақши барҷаста гузоштааст. Дар Тоҷикистон дар солҳои 1958 ва 1959 аз рўи драмаи Сотим Улуғзода «Рўдакӣ», ки то имрӯз дар саҳнаи тоҷик мақоми устувор дорад филми бадеии «Тақдири шоир» таҳия гардидааст. Сотим Улуғзода на танҳо нависанда, балки донишманди тавоно, адабиётшинос, мунаққид, драматург ва тарҷумони барҷаста (аз забони русӣ ба тоҷикӣ) эътироф гардидааст. Хизматҳои шоистаи Сотим Улуғзода аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон қадр гардидааст. Устод С.Улуғзода дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рўдакӣ буда, соли 2009 бо Фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Донишкадаи давлатии забонҳои ҷумҳурӣ ба номи Сотим Улуғзода гузошта шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






