Ҷашни рӯзномаи «Тоҷикони Русия»
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллии Русия даҳсолагии ҷашни рӯзномаи байналмилалии «Тоҷикони Русия» таҷлил мегардад. Ин чорабинӣ 3 ноябри соли 2012 дар варзишгоҳи «Лужники» сурат мегирад. Дар ин бора роҳбари шӯъбаи Медиа Холдинг дар Федератсияи Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод.Назар ба иттилои манбаъ, дар бахши консертии ин чорабинӣ сарояндаи машҳури эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё иштирок менамояд.Дар ҳамоиш вакилони сершумори ниҳодҳои мухталифи Федератсияи Русия, аз ҷумла намояндагони маъмурияти Президенти Федератсияи Русия, Думаи давлатӣ, сохторҳои давлатию ҷамъиятии Тоҷикистон, созмонҳои фарҳангию ҷамъиятии шаҳри Маскав, ҳамчунин намояндагони ҷамоаи Тоҷикистон аз 89 минтақаи Русия, дипломатҳо, нависандагон ва журналистони Русия ва Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






