Ҷашнвораи байналмилалии “Дидор”
Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзод).- 16 октябр дар бинои Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон ҷашнвораи панҷуми байналмилалии филмҳо (ҶБФ) “Дидор” оғоз гардид. Назар ба қавли мудири ҶБФ “Дидор” Сафар Ҳақдодов ба ҷашнвора меҳмонон аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла синамогарони маъруф, ки ба гуруҳи ҳакамони он дохил шудаанд – Биргит Боймерс (Британияи Кабир), Георгий Овашвили (Гурҷистон), Елчин Мӯсооғлу Гулиев (Озарбойҷон), Сиддиқ Бармак (Афғонистон) ва дигарон ташриф оварданд. Тоҷикистонро дар ҳайати доварон мудири киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” Носир Саидов намояндагӣ кард.Ҷашнвораи имсола бо филми Муртазо Нидоӣ “Қисмати шоир” кушода шуд. Он ба ҳунарманди машҳури тоҷик Марат Орипов, ки нақшҳои ҳамосавии фарзандони маъруфи халқи тоҷик – Абуалӣ ибни Сино ва Абуабдулло Рӯдакиро бозидааст, бахшида шуда буд. Филми аввалини иштирокчии мусобиқа – маҳсули меҳнати коргардони тоҷик Искандар Усмонов «Телеграмма» намоиш дода шуд. Гурҷистон дар рӯзи аввал бо филми кутоҳи Юрий Чирковский «Оне, ки ҳама чизро офарид» ва филми калонҳаҷми Кети Мачавариани «Сафеди намакин» баромад намуд.50 меҳмони ҷашнвора аз ширкати «МегаФон-Тоҷикистон» симкортҳои фаъол бо тавозуни мусбати 15 доллари амрикоӣ ва алоқаи байналмилалӣ гирифта, қариб ҳамаи меҳмонон аз мамолики муштаракулманофеъ аз ин имконияти хуб ба таври фаъол истифода намуданд. Аз тариқи шабакаи бесим (Wi-Fi), ки аз ҷониби ин оператор ироа шуда буд, меҳмонони “Дидор” ва рӯзноманигорон тавонистанд аз интернет фаъолона истифода баранд. Маросими расмии кушоиши ҷашнвораи «Дидор» дар Театри ба номи А. Лоҳутӣ баргузор гашт, ки дар он намояндагони сарпарастон ва шарикони ҷашнвора – Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ, Донишгоҳи ҷомеаи кушода, Дафтари ҳамкории Швейтсария, созмони ҳуландии Hivos, меҳмонхонаи Dushanbe Serena, ҳамчунин «МегаФон-Тоҷикистон» ва ArtCulture.Tj сухан гуфтанд. Дар қисми ҳунарии чорабинӣ ансамбли рақсии «Падида» ва сарояндагони хушовоз Парвин Юсуфӣ ва Нозияи Караматулло хотири ҳозиринро шод намуданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ҶБФ «Дидор» дар Душанбе хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






