Ҷавонон ва фаъолияти волонтёрӣ
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – Дар Душанбе бори аввал Форуми миллии «Ҷавонон ва фаъолияти волонтёрӣ» баргузор гардид. Ин форум бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии «Насли нави Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе бо кўмаки молии Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария дар Тоҷикистон барпо шуд. Созмондиҳандагони ҳамоиш мақсад аз ташкили онро мусоидат ба рушди фаъолияти волонтёрӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандии ҷавонон барои ҳалли мушкилоти маҳаллӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои волонтёрӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ карданд.Дар мизи гирде, ки дар доираи ин ҳамоиш рўзи 24-уми октябри соли 2012 дар мавзўи «Аҳамият ва зарурати рушди фаъолияти волонтёрӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид, иштирокдорон бо назардошти захира ва имконоти кишвар ба зарурати рушди фаъолияти волонтёрӣ таъкид карданд.«Форуми миллии ҷавонон ва фаъолияти волонтёрӣ» имкон медиҳад, ки ҷавонон аз фаъолияти волонтёрӣ ва аҳамияти он огоҳ шуда, ба рушди фаъолияти волонтёрӣ мусоидат кунанд. Ин ҳамоиш барои иштироки ҷавонон дар корҳои ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандии онҳо мусоидат мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






