ҶБС «Дидор» дӯстонро даъват мекунад

Октябрь 16, 2012 10:56

Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Имрӯз, 16 октябр, дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи V – уми байналмилалии синамои «Дидор» ифтитоҳ мегардад. Мувофиқи суханони созмондиҳандагони ҷашнвора, 50 филми бадей, мустанад ва аниматсионӣ манзури бинандагон мегарданд. Дар рӯзи аввали ҷашнвора дар Хонаи Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон бори нахуст «Таърихномаи синамои тоҷик» муаррифӣ карда мешавад. Муаллифони он Галина Элбаум ва Саъдулло Раҳимов мебошанд. Ҳамчунин филми мустанади «Қисмати шоир», намоиш дода мешавад, ки онро коргардони эронӣ Муртазо Нидоӣ ба навор гирифтааст. Баъди ин се филми синамогарони Тоҷикистону Гурҷистон манзури бинандагон мегардад. Аз ҷумла, филми нави бадеии коргардони тоҷик Искандар Усмонов «Барқия» манзури бинандагон мегардад.Шоми ҳамин рӯз дар Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ маросими ботантанаи ифтитоҳи Ҷашнвораи байналмилалии синамои «Дидор» баргузор мегардад. Дар ин чорабинӣ роҳбарони Вазорати фарҳанги ҶТ, Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, аъзои ҳаками байналмилалии ҷашнвора, собиқадорони синамо, коргардонҳо, ҳунарпешагон, намояндагони созмонҳои мададгор ва зиёиён иштирок менамоянд.Ҷашнвораи байналмилалии синамои «Дидор» то 20 октябр давом мекунад.Дар ин бора аз Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон хабар доданд.

Октябрь 16, 2012 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад