Ҷоиза ба 100 омӯзгор

Октябрь 5, 2012 15:43

Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Ҳамасола дар Тоҷикистон якшанбеи аввали моҳи октябр Иди касбии омӯзгорон ҷашн гирифта мешавад.  Маҳмудхон Шоев, сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки бахшида ба ин сана дар раёсат ва шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо маҷлисҳои тантанавӣ баргузор мегардад ва дар фазои идона зиёда аз 100 омӯзгор бо унвони «Аълочии маориф» ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Октябрь 5, 2012 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш