Ҷонибдории пешниҳодоти ҳукумат аз тарафи парлумон

Октябрь 3, 2012 14:28

Душанбе, 3 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Вакилони парлумони кишвар пешниҳоди Ҳукумати мамлакатро дар хусуси ворид намудани иловаҳо ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012 ҷонибдорӣ намуданд. Тибқи иловаҳо ба Буҷети давлатии кишвар ширкати холдингии саҳомии «Барқи тоҷик” барои воридоти 30 ҳазор тонна мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод мешавад. Маблағи пардохтҳои гумрукӣ 34, 7 миллион сомониро ташкил медиҳад. Назар ба иттилои Руҳуллоҳ Ҳакимов –муовини вазири молияи кишвар ҳамзамон тибқи ворид намудани иловаҳо ба Буҷети давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2012 корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада — «Апреловка» бо мақсади ворид намудани техникаю таҷҳизоти наву замонавӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ба маблағи 12, 5 миллион сомонӣ аз пардохтҳои гумрукӣ озод мегардад. Дар мавриди насб кардани техникаю таҷҳизоти муосир корхона ҳаҷми истеҳсоли тиллоро то 2,2 тонна ва нуқраро 7,7 тонна мерасонад. Ҳамзамон дар асоси иловаҳо ба Буҷети давлатии ҷумҳурӣ барои соли равон Вазорати кишоварзии кишвар барои овардани 20 сар чорвои калон-говҳои зотӣ аз Ҷумҳурии Беларус аз пардохтҳои гумрукӣ озод карда шуд. Зикр гардид, ки ворид намудани чорвои хушзот аз хориҷи кишвар имкон медиҳад, ки бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ таъмин гардида, дар маҷмўъ самаранокии соҳаи чорводорӣ баланд бардошта шавад.

Октябрь 3, 2012 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд