Ҷопон шароити бемористони Румиро беҳтар кард
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — “Лоиҳаи беҳтар намудани бемористони марказӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ” аз тарафи Ҳукумати Ҷопон бо маблағи умумии 111.281 доллари ИМА дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ дастгирӣ шуда буд. 15 октябри соли 2012 Такааки Коматсу, котиби сеюми Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амрулло Холов, раиси ноҳияи Румӣ дар маросими хатми лоиҳа дар ноҳияи Ҷалолуддини Румии вилояти Хатлон ширкат варзид. Шабакаи обёрию обпартов ва маркази гармидиҳии бемористон зиёда аз 20 сол корношоям буд. Кормандон ва касалмандони бемористон аз оби берунӣ истифода мебурданд, ки дар ҳолати ғайрисанитарӣ буд. Маркази гармидиҳӣ бо хати барқ мушкилӣ дошт, ки расишҳои зиёди электрикӣ ба назар мерасид. Ин гуна мушкилот барои гузаронидани ҷарроҳӣ дар шуъбаҳои эҳё, тавлид ва шуъбаи ҷарроҳӣ монеа буд. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳа шабакаи обёрию обпартов ва маркази гармидиҳӣ аз нав барқарор шуд. Зиёда аз ин, шуъбаҳои ҷарроҳӣ, эҳё ва тавлид бо таҷҳизоти тиббӣ, ба монанди оксигенератор, автоклави уфуқӣ ва дефибрилятор муҷҷаҳаз шуданд. Дар назар аст, ки зиёда аз 3000 бемор имконияти дастрас намудани хизматрасони тиббиро дар бемористони марказии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ пайдо кунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






