50 ҳазор дона ниҳоли ороишии Ҳоҷӣ Неъмат
Турсунзода, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Баъзе дарахтони ороишӣ, ки дар ҳудуди шаҳри Турсунзода ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ мавҷуданд, маҳсули дастранҷи яке аз ниҳолпарварони номӣ Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов мебошад. Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов сардори хоҷагии деҳқонии «Ватан-2008» аст. Хоҷагии мазкур дорои 18 гектар замин буда, аҳли хоҷагӣ аз ҳар ваҷаб замин пурсамар истифода мебаранд.Деҳқонони асил баробари рӯёнидани ҳосили фаровони ангур, сабзавот ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, инчунин ба парвариши ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ низ диққати ҷиддӣ медиҳанд. Алҳол дар як қисми заминҳои хоҷагии номбурда зиёда аз 50 ҳазор дона ниҳоли арча парвариш меёбад, ки баъзеи онҳо аз 2 то 5- сола ҳастанд.Боиси тазаккур аст, ки хизматҳои шоёни Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов аз ҷониби Президенти мамлакат бо ордени Шараф дараҷаи 2 қадр шудаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






