80- соли фаъолияти «Омӯзгор»

Октябрь 12, 2012 15:03

Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). — Имрӯз дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ба ифтихори 80-умин солгарди таъсиси ҳафтаномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Омӯзгор» маҷлиси тантанавӣ баргузор мегардад.Дар маҷлиси тантанавӣ муовини сарвазири кишвар Р. Қурбонова, вазири фарҳанг М. Асрорӣ, сармуҳарири ҳафтанома Н.Нуралиев, раиси Иттифоқи нависандагон Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттифоқи журналистон А.Сатторов ва устодони ДМТ П.Гулмуродзода ва М. Муродов маърӯза хоҳанд кард.Мавриди зикр аст, ки рӯзномаи «Омӯзгор» аз 20 июли соли 1932 (бо қарори Бюрои КМ ПК Тоҷикистон аз 5 июли соли 1932 №112) бо номи «Барои маорифи коммунистӣ» рӯйи чоп омадааст. Дар тӯли фаолияти 80- солаи худ рӯзнома бо номи «Маориф ва маданият», «Газетаи муаллимон» ва аз соли 1989 зери унвони «Омӯзгор» нашр мешавад.Рӯзнома бо навиштаҳои худ дар баррасию ҳалли бисёр мушкилоти соҳаҳои маориф саҳм мегузорад. Теъдоди нашри он дар айни ҳол зиёда аз 25 ҳазор нусха буда, ҳафтае як маротиба дар ҳаҷми 16 саҳифа чоп мешавад.

Октябрь 12, 2012 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд