9 кило ҳашиш дар сумкаи варзишӣ
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Аз ҷониби кормандони мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сино-2 ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар кӯчаи Ғафуров, дар назди бозори маҳаллаи 103, шаҳрванд Манучеҳр Музаффарович Гадоеви 19 сола, сокини шаҳри Норак дастгир шуд.Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили сумкаи варзишии номбурда маводи нашъадори навъи ҳашиш, ба вазнаш 9 килою 258 грамм дарёфт ва мусодира шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






