А. Сичев ба Тоҷикистон меояд
Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 18 октябр Намояндаи навтаъйини минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят дар Осиёи Марказӣ Александр Николаевич Сичев барои боздиди аввали корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд. Мувофиқи хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти ҶТ, А. Сичев дар ҷараёни сафараш бо роҳбарони вазоратҳои ҶТ, аз ҷумла, директори Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров, ҳамчунин бо намояндагони сафоратҳои ИМА ва Ҷопон дар ҶТ, роҳбарони созмонҳои байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид воқеъ дар Тоҷикистон мулоқотҳо анҷом медиҳад. Ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ дар муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод.Қобили зикр аст, ки ин нахустин сафари кории Александр Сичев дар мансаби намояндаи минтақавии СММ дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки рӯзи ҷумъаи 19 октябри соли равон ба анҷом мерасад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






