«Афсонаҳои сибирӣ»-и театри «Лӯхтак»
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Аз имрӯз то 15-уми октябри соли ҷорӣ дар театри «Лӯхтак»-и пойтахт намоишномаи «Афсонаҳои сибирӣ» пешкаши тамошобинони хурдсол мегардад. Намоишномаро Театри давлатии «Лӯхтак»-и шаҳри Томски Русия, ки дар айни замон дар шаҳри Душанбе бо сафари ҳунарӣ қарор дорад, пешкаш менамояд.Дар ин бора Кенҷа Иброҳимов, директори театри «Лӯхтак»-и Душанбе ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. Номбурда гуфт, ки ҳамчунин дар раванди ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон бо Русия мутахассисони рус дар театри «Лӯхтак»-и Тоҷикистон дарсҳои тахассусӣ меомӯзанд. Ёдовар мешавем, ки ин театр дар якумин ҷашнвораи байналмилалии «Намоишҳои арӯсакӣ», ки соли 2007 дар театри «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, ширкат дошт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






