Афзоиши маҳсулотҳои саноатӣ дар Кӯлоб
Кӯлоб, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар шаҳри Кӯлоб корхонаҳои саноатӣ дар якҷоягӣ бо бахши соҳибкории хурд дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 80963,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12032,8 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 117,5 %- и нақшаро дар бар мегирад. Дар ин давра 10103,5 тонна орд, 2011 тонна маҳсулоти нонӣ, 675 тонна гӯшт, 53 тонна ҳасиб, 44 тонна маҳсулоти ширӣ, 531,2 тонна равғани тоза, 625 тонна нахи пахта, 1094,2 тонна чигит, 3983 тонна кунҷора, 2172 ҳазор дона хишти хом, 1054 дона хишти пухта, 331 ҳазор қуттии шартӣ консерва ва 70,2 тонна ришта истеҳсол шудааст. Дар пешбурди кори соҳа саҳми роҳбарони корхонаҳо, бахусус роҳбари корхонаи ҶСК «Суғдиён» назаррас аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






