Афзоиши содироти маҳсулоти ватанӣ

Октябрь 4, 2012 16:14

Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Содироти мол ба хориҷи кишвар омили пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад. Инро ба инобат гирифта, корхонаҳои соҳаи маводи сохтмони ҷумҳурӣ фурӯши якчанд намуди масолеҳи сохтмониро берун аз кишвар ба роҳ мондаанд. Тибқи иттилои котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 44,5 ҳазор тонна қуми квартсӣ ба маблағи 1 миллиону 111 ҳазору 750 доллари ИМА ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 36,1 тонна ранги ҳархела ба маблағи 20 ҳазор доллари ИМА, 76,8 тонна андоваи минералӣ (шпатклевка) ба маблағи 43,3 ҳазор доллари ИМА ва 4,9 тонна таҳранг (грунтовка) ба ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Афғонистон содир шудааст.

Октябрь 4, 2012 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд