Алишер Рустамов — муовини аввали роҳбари фурудгоҳи Душанбе
Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Саидэҳсони Солеҳ). -Имрӯз Алишер Рустамов, сарвари ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба вазифаи муовини аввали директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» таъин гардид. Алишер Рустамов дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1981 мактаби миёнаи № 41 шаҳри Душанбе ва соли 1984 омўзишгоҳи авиатсияи граждании шаҳри Минскро хатм кардааст. Соли 1992 дар Донишгоҳи давлатии иқтисодии шаҳри Тошканд ва соли 2009 дар Академияи авиатсияи граждании шаҳри Санкт-Петербург таҳсилро ба поён расонидааст. Дар ин бора Муҳаммадюсуфи Шодӣ, котиби матбуотии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






