Анҷоми ҷаласаи шӯрои АвруОсиё дар Душанбе

Октябрь 17, 2012 11:47

Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). – 16 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми Шӯрои фарҳанги назди Кумитаи ҳамгироии Ташкилоти иқтисодии АвруОсиё баргузор гардид. Дар кори ҷаласа роҳбарони вазоратҳои фарҳанги давлатҳои аъзои АвруОсиё – Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок намуданд.Иштирокдорони ҷаласа 10 масъала, аз ҷумла Созишнома дар бораи самтҳои ҳамкорӣ дар бахши фарҳанг, ҷараёни иҷрои Дурнамои чорабиниҳо барои татбиқи Самтҳои асосии ҳамкорӣ барои солҳои 2012 — 2015 ва солҳои минбаъда, дар бораи принсипҳои асосии сиёсати бахши фарҳанг ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор доданд.Дар ҳошияи ҷаласаи панҷуми Шӯро конфронси илмию усулӣ дар мавзӯи «Масоили ҳифз, истифода ва таҷдиди иншоотҳои осори таърихию фарҳангӣ ва проблемаҳои мамнӯъгоҳҳои давлатӣ» баргузор гардид. Дар анҷоми ҷаласа вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва дабири масъули Шӯро Ибод Раҳимов кори ҷаласаро ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуданд. Ҷаласаи ояндаи V1 – уми Шӯро дар нимаи аввали соли 2013 дар Федератсияи Русия баргузор мегардад.

Октябрь 17, 2012 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард