Анҷумани муаллимони кишварҳои ИДМ
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия дар ҳошияи барномаи ҳамкории муштараки кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бахши маориф 19 октябр дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон анҷумани П –уми муаллимон ва кормандони маорифи давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад. Дар кори анҷуман муаллимон, роҳбарони муассисаҳои маърифатӣ ва мутахассисони хадамоти усулӣ, намояндагони мақомоти идораи маориф, нашриётҳои асосӣ, иттиҳодияҳои илмии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок менамоянд. Дар ҷараёни кори анҷуман самтҳои ҳамгироии минбаъдаи низомҳои миллии маориф, ҳамгироии барномаҳои маърифатӣ, ташаккули муносибатҳои ягона дар амри арзёбии сифати таҳсилот мавриди мухоқима қарор мегиранд.Ҳайати Тоҷикистонро дар анҷуман вазири маорифи ҶТ Нуриддин Саидов роҳбарӣ мекунад. Ба ҳайат муовини вазири маориф Тоҷинисо Маҳмадова, ректори Пажӯҳишгоҳи ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони бахши маориф Латофат Назирова, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ва дигарон шомиланд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






