Арзиши зангҳо ба Русия боло меравад

Октябрь 15, 2012 16:09

Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова) .- Аз 1 – уми ноябри соли равон нархҳои зангҳои байнидавлатӣ бо Русия дар ҳамаи шабакаҳои алоқаи мобилӣ баланд бардошта мешавад. Ин иқдом барои иҷрои қарори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати кишвар аз 27-уми сентябри соли 2012 гирифта шудааст, афзуданд операторони мобилӣ. Як дақиқаи суҳбат бо муштариёни дилхоҳи шабакаҳои алоқаи Русия акнун аз 10 сент кам нахоҳад буд. Бар замми ин ба ин нарх андоз аз нархи иловашуда ва аксиз дохил намешавад. Ба гуфтаи ширкатҳо, нархҳо барои ҳама андозаҳои рақамчинӣ боло бурда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ширкатҳои «Мегафон Тоҷикистон», Tcell ва «Вавилон-мобайл» иттилоъ доданд.

Октябрь 15, 2012 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд