Аввалин китобхонаи виртуалию илмии Тоҷикистон
Душанбе, 8 октябр. ( АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- Аз имрӯз эътиборан аввалин Китобхонаи виртуалию илмии Тоҷикистон ба забонҳои русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ дар шабакаи Интернет фаъол мешавад. Китобхонаи виртуалию илмӣ ройгон буда, беш аз 10 миллион адабиёт ва ё мақолаҳои тадқиқотиро ба истифодабарандагонаш пешниҳод менамояд. Шабакаи мазкур аз ҷониби мудирияти миллии бехатарии ядроии Вазорати энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (DOE/NNSA) сармоягузорӣ мешавад. Бояд гуфт, ки пас аз фаъол шудани шабака миёни кормандони илмӣ семинарҳои махсус оид ба дастур, мундариҷа ва истифодаи он дар корҳои тадқиқотӣ гузаронида мешавад. Ҳамчунин қарор аст, ки соли 2013 барои истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар сар то сари кишвар аз ҷониби сафорати ИМА дар Тоҷикистон семинарҳои ҷумҳуриявӣ гузаронида шаванд. Дар ин бора аз сафорати Амрико ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






