Ба журналистони ҷавон ахлоқи касбӣ меомӯзонанд
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар» Саидэҳсони Солеҳ).-Дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия мубоҳисаи кушоди устодону донишҷўёни бахши журналистикаи факултаи филология бо аъзои Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон доир гардид. Зиннатулло Исмоилов, раиси Шўрои ВАО-и Тоҷикистон гуфт, мақсади асосии ин ҷаласа худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ мебошад. Аъзои шўро Иброҳим Усмонов ва Мухтор Боқизода ҷиҳати риояи одоби касбӣ дар нигоштаҳои журналистон изҳори назар карда, ба журналистони оянда дар мавриди меъёрҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ маълумоти муфассал пешниҳод карданд. Дар навбати худ устодону донишҷўён андешаҳояшонро роҷеъ ба нигоштаҳои воситаҳои ахбори омма баён намуда, ба суолҳои худ перомуни меъёрҳои касбиву ахлоқӣ посух гирифтанд. Дар поёни ҷамъомад ба донишҷӯёну устодон адабиёт роҷеъ ба механизми худтанзимкунӣ, аз ҷумла шарҳи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон тақдим гардид. Дар ин бора аз дастгоҳи иҷроияи Шӯрои ВАО –и Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






