Ба зимистон тайёред?
Кӯлоб, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқии минтақаи Кӯлоб» то ин муддат аз 22 чорабинии зимистонгузаронӣ 16 –тои онро иҷро намуданд, ки ба онҳо иваз намудани изоляторҳои нуқсдор дар хатҳои барқии 35 кВт, 110 кВт ва 220 кВт шомил шуда метавонанд. Хати барқи 110 кВта, ки дар мавзеи Ховалинг- Шугнов ҷойгир буда ва ҳамасола дар фасли зимистон мушкилии зиёд ба бор меовард, пурра аз таъмири асосӣ бароварда шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар айни ҳол кормандони ҷамъият ба иваз кардани симчӯбҳои фарсудашуда, хатҳои барқии корношоям, иваз кардани равғанҳои трансформаторҳо ва дигар корҳои зимистонгузаронӣ сафарбар гардидаанд. Бо мақсади иҷрои ин чорабиниҳо ба миқдори 11 000 кг симҳои буриши захоматашон гуногун, 6506 адад изолятори гунонгунтамға, 15 тонна сӯзишвории дизелӣ, 25 тонна равғани трансформатор ва дигар таҷҳизоти зарурӣ ворид шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






