Баланд бадоштани маърифати ҳуқуқии нобиноён
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова).- 15-уми октябр дар меҳмонхонаи «Гулистон Тур-1» дар мавзӯи «Баланд бадоштани маърифати ҳуқуқии нобиноён» семинар баргузор мегардад. Ин чорабинӣ ҳамасола дар тамоми ҷаҳон чун рӯзи «Асои сафед» таҷлил мешавад.Дар семинар намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ мавзӯъҳоро оид ба «Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдакон ва маъюбон», ки онро Ҳукумати ҶТ аз 26-июни соли 1993 эътироф намудааст, баррасӣ менамоянд. Мавриди зикр аст, ки семинар бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






