Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқи кӯдакони нобино
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар» Ибодат Давлатова)- Имрӯз бо ташаббуси Ташкилоти Ҷамъиятии нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии дафтари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кӯдакони нобино ва сустбин семинар баргузор гардид. Тавре ки раиси Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни ҶТ Холмаҳмад Тенгниев зикр кард, семинар бахшида ба Рӯзи «Асои сафед» ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон ҳамчун рӯзи нобиноён гузаронида мешавад барпо шуд. Ҳамчунин иштирокчиён оид ба «Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдакони маъюби имконияташон маҳдуд», саломатӣ ва тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва ҳаёти шахсии онҳо сухан ронданд. Бояд гуфт, ки Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни ҶТ дафтарест, ки барои кулли нобиноёни ҷумҳурӣ хидмати худро пешниҳод менамояд. Мақсади асосии ташкилот баланд бардоштани сатҳи зиндагии нобиноёни ҷумҳурист.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






